Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози тамринҳои ситодии ПАД дар Лоҳур


Имрӯз дар тамрингоҳи Лоҳур, 20-километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон, машқҳои ситодии нирӯҳои муштараки зудамали Паймони амнияти дастаҷамъӣ(ПАД) оғоз хоҳад ёфт. Ин тамринҳо тайи 4 рӯз дар 3 кишвари узви ин паймон –Тоҷикистону Қирғизистон ва Русия хоҳанд гузашт. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи асосӣ тамрини шеваҳои муқобила ба гурӯҳҳои мусаллаҳи террористист. ПАД 7 кишвар – Русияву Беларусу Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро муттаҳид мекунад. Вале Узбакистон дар солҳои охир дар кори ин эътилофи амниятӣ ширкати амалӣ надорад.
XS
SM
MD
LG