Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал таҳримоти Либияро камтар кард


Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба тарафдории лағви бахше аз таҳримот алайҳи Либия раъй дод, то дар пайи суқути Муаммар Қаззофӣ дар амри эҳёи кишвар кӯмак кунад. Аз ҷумла таҳримот алайҳи ширкати миллии нафт ва Бонки марказии Либия бардошта мешавад. Ин таҳримотро Созмони Милал дар шаш моҳи пеш, дар пайи саркӯби тазоҳуроти мардумӣ дар Либия алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ эъмол кард. Дар қатъномае, ки рӯзи 16 сентяр содир шуд, таъсиси дафтари Созмони Милал дар Либия низ пешбинӣ шудааст. Пештар аз ин Маҷмаъи умумии Созмони Милал Шӯрои миллии гузори Либияро намояндаи қонунии ин кишвар дар Созмони Милал эътироф кард.
XS
SM
MD
LG