Маҳмуд Аббос, раҳбари Ташкилоти худгардони Фаластин, таъйид кард, ки аз Созмони Милал расман хоҳанд, хост, то Фаластинро ба ҳайси узви комилҳуқуқи худ бипазирад. Зимни суханронӣ дар шаҳри Рамаллоҳ, ӯ гуфт, узвияти комил дар Созмони Милал ҳаққи машрӯъи фаластиниён аст. Интизор меравад, фаластиниён ҳафтаи оянда дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал дархости расмии худро ироа кунанд. Фаластиниён, Канораи Ғарб, Навори Ғазза ва Байтулмуқаддаси Шарқиро сарзамини кишвари мустақили ояндаи худ медонанд, ки ин манотиқро Исроил соли 1967 ишғол кардааст. Исроил ва Амрико гуфтаанд, мухолифи ба расмият шинохтани Фаластин ҳастанд.