Тайи бист соли ахир маргу мири кӯдакони синнашон то панҷсола аз 12 миллион то ҳафту ним миллион дар як сол коҳиш ёфтааст.
Ба ин нукта дар гузориши нави ЮНИСЕФ, Бунёди атфоли СММ ва Созмони ҷаҳонии ҳифзи сиҳат таъкид шудааст. Муаллифони гузориш навиштаанд, ки ин бо чанд омил, аз ҷумла, беҳбуди хадамоти тиббӣ ва эмгузарониҳо бастагӣ дорад.
Бо вуҷуди ин, омадааст дар гузориш, ҳамарӯза дар ҷаҳон беш аз 20 ҳазор кӯдакон мемиранд ва аз ин рӯ дар самти коҳиши фавти кӯдакон корҳои зиёдеро бояд ба субут расонд.