Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ҳамтои руси ӯ Дмтирий Медведев имрӯз дар Аштархони Русия бо ҳам мулоқот мекунанд. Қарор аст, ду раҳбар ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ва шароити ҳуқуқии истифодаи Русия аз космодроми Байканурро баррасӣ кунанд. Гуфта мешавад, ҳимоят аз захираҳои фаромарзии обӣ яке аз масъалаҳои дигари ин мулоқот аст.