Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди дипломати аршади амрикоӣ аз Троблус


Мулоқоти Фелтман бо Абдулҷалил
Мулоқоти Фелтман бо Абдулҷалил
Як дипломати аршади Амрико имрӯз зимни боздид аз Троблус аз талошҳои ҳукумати муваққати Либия истиқбол кард ва гуфт, Амрико сафораташ дар пойтахти Либияро ҳаддалимкон зудтар фаъол хоҳад кард. Ҷеффрӣ Фелтман, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Шарқи Наздик гуфт, Амрико мӯътақид аст, ки амалиёти НАТО бояд то замоне ки лозим аст, идома ёбад.
Фелтман имрӯз бо раҳбари Шӯрои миллии гузор Мустафо Абдулҷалил мулоқот кард. Нирӯҳои ҳукумати муваққат Банӣ Валид, яке аз охирин пойгоҳҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ ва ҳам зодги ӯ Сиртро иҳота кардаанд. Куҷо будани худи Қаззофӣ маълум нест.
XS
SM
MD
LG