Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либияи навро бар пояи Исломи мӯътадил хоҳанд сохт


Мустафо Абдулҷалил (акс аз бойгонӣ)
Мустафо Абдулҷалил (акс аз бойгонӣ)
Раҳбари Шӯрои миллии гузор ваъда супурд, ки давлати ҷадиди Либия бар пояи меъёрҳои «Исломи мӯътадил» бино хоҳад ёфт. Мустафо Абдулҷалил шоми душанбе дар ҷамъи қариб 10 000 тарафдоронаш дар майдони ба тозагӣ Шаҳидон номгирифтаи Троблус гуфт: «Мо як кишвари мусалмонӣ бо Исломи мӯътадилем. Ва агар шумо бо мо монеду аз мо ҳимоят кунед, мо дар ин роҳ хоҳем монд.”
Ин нахустин суханронии Мустафо Абдулҷалил дар Троблус баъди аз Бенғозӣ ба пойтахти Либия кӯчидани Шӯрои гузор буд.
Созмони Афви байналмилалӣ имрӯз дар гузориши наваш режими Муаммар Қаззофиро ба ҷиноёти ҷанг айбдор кард, вале гуфт, нирӯҳои Шӯрои гузор низ метавонанд дар чунин ҷиноёт даст дошта бошанд. Куҷо будани худи Қаззофӣ маълум нест, вале аксари аъзои хонаводаи ӯ ба Алҷазоир ё Нигер фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG