Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Дейвид Камерон ба Маскав ба поён расид


Сарвазири Британия Дейвид Камерон дар нахустин сафараш ба Маскав бо раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев дидору гуфтушунид дошт. Ин аввалин сафари раҳбари Британия ба Русия дар панҷ соли охир аст ва ҳадаф дорад, равобити байни ду кишварро, ки ба дунболи марги мунаққиди Кремл, Александр Литвиненко дар соли 2006 ба сардӣ гароид, беҳбуд бахшад. Медведев дар нишасти хабарии муштарак бо Камерон бори дигар гуфт, ки кишвараш гумонбари марги Литвиненко, афсари пешини КГБ Андрей Луговойро ба Лондон нахоҳад дод. Камерон гуфт, Британия талаби муҷозоти қотили Литвиненкоро идома хоҳад дод. Вай равобити байни ду кишварро мушкил номид ва ба беҳбуди он даъват кард.
XS
SM
MD
LG