Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу ҳамла ба сафоратро «ҳодисаи ҷиддӣ» номид


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ҳамла ба сафорати кишвар дар Қоҳираро «ҳодисаи ҷиддӣ» номид. Ҳамзамон ӯ гуфт, ки агар намоишгарон кормандони сафоратро гаравгон мегирифтанд, вазъият бадтар мешуд.

Нетаняҳу аз раисиҷумҳури Амрико Барак Обама барои он изҳори сипос кард, ки ӯ аз мақомоти Миср хостори таъмини амнияти дипломатҳои исроилӣ шудааст.

Имрӯз сафири Исроил дар Миср Исҳоқ Леванон ва дигар кормандони сафорати кишвар бо аҳли хонаводаҳояшон шаҳри Қоҳираро тарк намуданд.

Айни ҳол дар пойтахти Миср фақат консули Исроил боқӣ мондаасту халос.

Рӯзи ҷумъа намоишгарон бинои сафорати Исроил дар Қоҳира ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса, ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, 448 нафар, аз ҷумла, 46 корманди полис, ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Имрӯз вазорати умури дохилии Миср дар кишвар низоми болои хатарро эълон кард. Исом Шариф, сарвазири Миср, нишасти оҷили ҳукуматро даъват намуд.

Равобити Исроил ва Миср баъди он ба сардӣ гароид, ки моҳи гузашта дар як амалиёти нерӯҳои исроилӣ панҷ корманди хадамоти амниятии Миср ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG