Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳузури пойгоҳҳои Амрико дар Афғонистон


Намояндагони баландпояи Иёлоти Муттаҳида ва Афғонистон гуфтушуниди дурӯзаи ояндаи равобити дуҷонибаро дар Вошингтон шурӯъ карданд. Мавзӯи асосӣ ба давраи пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико рабт мегирад. Ду тараф дар масъалаи истифода аз пойгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон пас аз соли 2014 ихтилофи назар доранд. Қарор аст, дар ин гуфтугӯҳо заминаҳои ҳуқуқии коршарикии оянда ва ҳамкориҳои дарозмуддати ду тараф муайян шаванд.
XS
SM
MD
LG