Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар назди бинои Додгоҳи олии Ҳиндустон


India - A man injured in bomb blast is brought to the RML hospital in New Delhi, 07Sep2011
India - A man injured in bomb blast is brought to the RML hospital in New Delhi, 07Sep2011
Як мансабдори воломақоми ҳиндӣ мегӯяд, ки имрӯз бар асари таркиш дар канори бинои Додгоҳи Олии ин кишвар дар шаҳри Деҳлии Нав камаш даҳ нафар ба ҳалокат расиданд. Вазири корҳои дохилӣ Р.К. Сингҳ ба телевизиони маҳаллӣ гуфтааст, ки маводи таркандаро дар дохили як киф ё худ портфел пинҳон карда буданд. Дар ин ҳодиса камаш 45 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Таркиш дар назди даромадгоҳи серодами додгоҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Ин бино дар рӯ ба рӯи парламент ва қароргоҳи сарвазири Ҳиндустон ҷойгир аст. Касе масъулияти таркишро бар дӯш нагирифтааст. Моҳи май низ дар назди Додгоҳи Олии Ҳиндустон таркиш ба амал омада буд, вале он замон касе маҷрӯҳ нашуда буд. Моҳи июл дар шаҳри Мумбай-пойтахти тиҷории Ҳиндустон бар асари инфиҷор 24 нафар кушта шуданд. То кунун полис дар бораи масъулони ин таркишҳо чизе нагуфтааст.
XS
SM
MD
LG