Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё иддаъоҳои ҳамкорӣ бо Либияро таҳқиқ мекунад


Давлати Бритониё иттиҳомот доир ба даст доштани хадамоти ҷосусиаш ба истирдоди муттаҳамон ба фаъолиятҳои террористӣ ба Либияро таҳқиқ мекунад. Гузоришҳо доир ба ҳамкории наздики Хадамоти ҷосусии MI6 ва CIA, Хадамоти истихборотии Амрико бо режими Муаммар Қаззофӣ баъди кашфи чунин санадҳо дар шаҳри Троблус нашр шуданд. Дар ин санадҳо аз ҷумла доир ба Абдулҳаким Белҳоҷ, яке аз фармондеҳони феълии шӯришиёни Либия сухан рафтааст, ки гӯё ӯро бо раҳнамоии хадамоти ҷосусии Бритониё ва Амрико дар Либия боздошт ва азобу шиканҷа кардаанд. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё дар ин бора ба порлумони кишвараш гуфт:" Кумиссиён эълом кард, ки ин иттиҳомотро мӯшикофона таҳқиқ мекунад. Вазифаи ман дар қазия на танҳо пок кардани ҳаргуна доғ аз обрӯи Бритониё аст, балки бо расидагӣ ба ин иттиҳомот, имкон додан ба хадамоти махсус, ки корҳои ҳаётан муҳими худро иҷро кунанд." Кумиссиёни мазкур соли 2010 таъсис дода шудааст ва баъди нашри гузоришҳо доир ба ин ки баъзе аз кишварҳои ғарбӣ баъди ҳамлаҳои 11 сентябр ба Амрико дар азияти муттаҳамон ба тероризм дар қаламрави кишварҳои дигар даст доштаанд.
XS
SM
MD
LG