Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозҳои густарда алайҳи нарх дар Исроил


Акс аз бойгонӣ
Шоми шанбе дар эътирозҳо алайҳи баланд шудани қимати зиндагӣ дар Исроил садҳо ҳазор нафар ширкат кардаанд. Ин яке аз бузургтарин эътирозҳо дар таърихи Исроил номида мешавад. Раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Тел-Авив, Байтулмуқаддас, Ҳайфа ва шаҳрҳои дигар доир шуданд. Бархе расонаҳо шумори тазоҳургарон танҳо дар Тел-Авивро то 300 000 нафар баровард мекунанд. Чунин шумори бузурги тазоҳургарон дар Исроили соҳиби 7,7 миллион нуфус то кунун танҳо дар масоили марбут ба сулҳи Ховари Миёна мушоҳида мешуд.
Талабҳои умдаи ҷунбиши эътирозӣ коҳиши қимати манзилу таҳсил, ғизову хадамоти тиббӣ ва ҳам тақсими одилонатари дороиҳои Исроил аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG