Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод рӯзи 4 сентябр ба Тоҷикистон меояд


Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон. Марти соли 2011 (Акс аз бойгонӣ)
Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон. Марти соли 2011 (Акс аз бойгонӣ)
Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод зӯҳри 4 сентябр бо як сафари расмии дурӯза вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Интизор меравад, зимни ин сафар байни Эрону Тоҷикистон ду қарордод дар мавриди эҳдоси нирӯгоҳи Айнӣ бо иқтидори 150 мегаватт дар рӯди Зарафшон ва як корхонаи семент дар ноҳияи Данғара имзо шавад.
Аҳмадинажод рӯзи 5 сентябр дар расми оғози баҳрабардорӣ аз чархаи аввали нирӯгоҳи Сангтӯда-2 низ ширкат хоҳад кард. Эрон дар ин сохтмон 180 миллион доллар сармоя гузоштааст.
XS
SM
MD
LG