Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як раҳбари ҲНИ дар садамаи нақлиётӣ


Сабзаалӣ Шарифов
Сабзаалӣ Шарифов
Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Файзобод Сабзаалӣ Шарифов, аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳалок ва муовини раиси ин ҳизб ва вакили парлумон Саидумар Ҳусайнӣ захмӣ шудаанд. Дар ин сониҳа, ки дар минтақаи Меҳробод рух додааст, ронандаи мошин ва як узви дигари ҲНИ низ ҷароҳат бардоштаанд. Ҳусайнӣ феълан дар бемористон таҳти муроқибати табибон қарор дорад. Сабзаалӣ Шарифов раҳбарии созмонҳои ҲНИ дар навоҳии тобеъи марказро бар ӯҳда дошт. ҲНИ умдатарин ташаккули мухолифини давлати Тоҷикистон аст, ки дар парлумони ин кишвар ду вакил дорад.
XS
SM
MD
LG