Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои се санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия


Русия ва Тоҷикистон имрӯз се созишномаи ҳамкорӣ дар арсаҳои низомӣ ва иқтисодӣ имзо карданд. Созишномаи ҳамкориҳо дар мавриди ҳузури мушовирони марзбонии рус дар Тоҷикистонро, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои руси худ Дмитрий Медведев имзо кард. Бар асоси ин созишнома Гурӯҳи зудамали мушовирони марзбонии рус, ки қаблан аз садҳо нафар иборат буд, ба Гурӯҳи мушовирон табдил мешавад ва бо теъдоди камтару салоҳиятҳои маҳдудтар дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Қаблан мушовирони рус ҳақ доштанд, бидуни иҷозаи мақомоти Тоҷикистон дар қаламрави кишвар амалиёт анҷом диҳанд. Ду тараф сари тарҳи нави ин созишнома музокироти мушкиле доштанд. Дар ҳузури раисони ҷумҳури ду кишвар ҳамчунин ёддошти ҳамкорӣ миёни Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) ба имзо расид. Барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2011-2014 санади дигаре буд, ки ду тараф имзо карданд.
XS
SM
MD
LG