Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти чаҳоргона дар Душанбе хотима ёфт


Шеваҳои расидан ба сулҳ дар Афғонистони ҷангзада аз масъалаҳои аслии сӯҳбати чаҳор раиси ҷумҳур будааст.
Шеваҳои расидан ба сулҳ дар Афғонистони ҷангзада аз масъалаҳои аслии сӯҳбати чаҳор раиси ҷумҳур будааст.
Дар ҳамоиши сеюми сарони Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Русия дар шаҳри Душанбе имрӯз масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ва бахусус шеваҳои истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомиди Карзай, Осиф Алӣ Зардорӣ, Дмитрий Медведев дар ин нишаст таъкид кардаанд, ки Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон, ки ихроҷи тадриҷиашон шурӯъ шудааст, қабл аз хуруҷи комил бояд нерӯҳои маҳаллии Афғонистонро муҷаҳҳаз ва барои таъмини амният омода кунанд. Масъалаи дигари сӯҳбат дар ҳамоиш, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории созмонёфта будааст. Давлати Русия барои ширкат дар тарҳи байналмилалии САSA -1000 ибрози омодагӣ, ки қарор аст, нерӯи барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистон аз тариқи қаламрави Афғонистон ба Покистон интиқол диҳад.
XS
SM
MD
LG