Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ҳодисаи лату кӯби чиноиҳоро таҳқиқ мекунад


А.Отамбоев
А.Отамбоев
Ҳукумати Қирғизистон ваъда дод, ки ҳодисаи лату кӯби се коргари чиноӣ дар ҷараёни як намоиши эътирозии назди корхонаи чиноии тавлиди тилло дар шимоли ин кишвар мӯшикофона таҳқиқ хоҳад кард. Нахуствазир Алмос Отамбоев дар ин бора имрӯз дар як нишасти вижаи ҳукумат ваъда дод. Рӯзи 26 август дар беруни корхонаи чиноии “Султон-Сарӣ” воқеъ дар вилояти Нарин ҳудудан 300 нафар гирди ҳам омада, ба се афсари полис, ки талош доштанд мардумро пароканда кунанд, ҳамла карда, боз се коргари чиноии корхонаро лату кӯб карданд. Гирдиҳамоии мазкур идомаи мавҷи эътирозҳои зиддичиноӣ дар Қирғизистон аст, ки моҳҳои охир дар саросари ин кишвар баргузор мешаванд. Сафири Чин дар Бишкек Ванг Кайвен имрӯз дар баробари хабарнигорон гуфт, ки эҳтимолан зидди ин эътирозҳо гурӯҳҳои сиёсие қарор доранд, ки ҳадафашон гирифтани пеши роҳи сармояҳои хориҷӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG