Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ифтитоҳи "Сангтӯда-2” ба таъхир наафтодааст”


Нахустин чархаи нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар аввали моҳи сентябр, дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон фаъол хоҳад шуд.

Дар ин бора Сайид Асгарӣ, масъули ширкати эронии "Фароб", ки ширкаташ ба сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" машғул аст, хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз расонаҳои хабарӣ қаблан иттилоъ доданд, гӯиё Узбакистон таҷҳизоти "Сангтӯда-2"-ро боздоштааст ва маросими ифтитоҳи чархаи аввали ин нерӯгоҳ сурат намегирад.

Ҷаноби Асгарӣ гуфт: "Аслан чунин хабаре нест. “Сангтӯда-2” бо ҳузури раҳбарон ва ҳайъатҳои баландмақоми Эрону Тоҷикистон дар таърихе, ки муайян кардаанд, ифтитоҳ хоҳад шуд. Вале сохтмони нерӯгоҳ идома пайдо мекунад, то ин ки ба пуррагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00
Линки мустақим


Баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2"-ро мутахассисони Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар амри бартараф намудани камбуди барқи ин кишвар дар зимистон муҳим
Пӯлод Муҳиддинов
мешуморанд. Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, мегӯяд, баландии сарбанди нерӯгоҳи мазкур 31 метр буда, ду агрегате, ки дар он ба кор андохта мешавад, дар соат 220 ҳазор киловатт соат барқ хоҳад дод.

Қабл аз ин, дар як нишасти хабарӣ муовини вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон Акрам Султонов гуфта буд, ки агар Узбакистон садди интиқоли таҷҳизоти ин нерӯгоҳ намешуд, мувофиқи нақша бояд дар соли 2009 "Сангтӯда-2" ба истифода дода мешуд. Ба назари коршиноси масоили энержӣ Ғуломиддин Сайфиддинов, барои Тоҷикистон муҳимтар аз ҳама коҳиш додани мизони дефитсити барқ дар фасли сармо аст, ки ҳатто фаъол шудани як агрегати нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" метавонад нақш дошта бошад: "Бояд дар зимистон мо камбуди барқро ҳис накунем. Ҳатто як агрегати "Сангтӯда-2", ки ба 110 киловат соат барқ баробар аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, ин барқи иловагӣ ба фоидаи Тоҷикистон аст. Ба фарқ аз Русия, ки барқи "Сангтӯда-1"- ро бо нархи 4,5 сент ба мо мефурӯшад, Эрон тайи 12 сол бо нархи арзонтар ба Тоҷикистон медиҳад."

Сайид Асгарӣ, раиси ширкати эронии "Фароб" гуфт, ки пас аз оғози кори чархаи аввал корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" идома меёбад. Аммо дар мавриди ин ки кай ин сохтмон пурра ба анҷом мерасад, масъулони ширкати эронӣ ҳанӯз чизе намегӯянд.

Ин дар ҳолест, ки бо оғози ҳамкориҳои Тоҷиистону Эрон тайи 15 соли ахир баъд аз сохтмони нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2"дуввумин тарҳи муҳими Эрон дар кишвар ба шумор меояд. Ёдовар мешавем, пас аз истифодаи расмии нақби "Истиқлол" панҷ сол мегузарад, вале ҳамчунон таъмиру тармим дар он идома дорад ва равуо аз ин нақб мушкил аст.

Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" ҳанӯз дар 120-километрии ҷанубу шарқи пойтахти Тоикистон қарор дошта бар фарози рӯдхонаи Вахш сохта шудааст. Ин нерӯгоҳ бо 180 миллион доллар сармояи Эрон ва 40 миллион доллари дигар маблағи Тоҷикистон бунёд шудааст. Пас аз 12 соли истифода ба нафъи Эрон, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG