Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиён зиндониёни Қаззофиро раҳо кардаанд


Баъди ишғоли шаҳри Троблус, шӯришиёни Либия ҳазорон нафар аз зиндониёни режими Муаммар Қаззофиро аз зиндон раҳо кардаанд вале сарнавишти ҳазорон нафари дигар маълум нест. Аҳмад Умар Банӣ, сухангӯи шӯришиён гуфт, то кунун “ҳудуди 10 то 11 ҳазор нафар зиндонӣ озод шудааст.” Вале гуфт, ӯ теъдоди боздоштшудагон дар чанд моҳи гузашта аз 57 то 60 ҳазор нафар мерасид ва маълум нест онҳо куҷоянд. Пештар аз ин сухангӯи Муаммар Қаззофӣ гуфт, ӯ омодаи музокирот доир ба супурдани қудрат будааст. Аммо шӯришиён гуфтанд, то замоне, ки Қаззофӣ таслим нашавад, музокирот нахоҳанд кард. Айни замон интизор меравад, имрӯз ба пойтахти Либия, ки ба обу маводи сӯхт мӯҳтоҷ аст, ин маводи зарурӣ бирасад.
XS
SM
MD
LG