Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия бар зидди режим тазоҳурот идома дорад


Фаъолони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки онҳо ба хиёбонҳо баромадаанд, то тазоҳуроти якмоҳаи худ бар зидди режими президент Башор Асадро идома диҳанд. Шӯрои низори ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Британия мегӯяд, мухолифони Асад дар шаҳри Ҳомс даст ба тазоҳурот задаанд. Дар Деир Эззор нируҳои амниятӣ тазоҳуроти эътирозиро дар нуқтаҳои мухталифи шаҳр пароканда мекунанд. Бино ба гузоришҳо, нируҳои амниятӣ дар ҳаволии шаҳри Димишқ дар маҳале бо номи Доума ба сӯи тазоҳуркунандагон тир андохтаанд. Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш нест.
XS
SM
MD
LG