Иллати ҳалокати 6 коргари корхонаи “Кӯҳандиз”, собиқ корхонаи пӯсти Душанбе, танаффуси гази заҳролуд будааст. Сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Маҳмадуллоҳ Асадуллоев гуфт, ин 6 коргар ҳангоми тоза кардани лӯлаҳо дар таҳхонаи корхона заҳролуд ва ҳалок шудаанд. 4 коргари дигари “Кӯҳандиз” дар бемористон таҳти табобат қарор доштаанд. Асадуллоев гуфт, таҳқиқи қазия идома дорад.