Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддао мешавад, ки хабарнигрои Би Би Си шиканҷа шудааст


Урунбой Усмонов
Урунбой Усмонов
Файзиниссо Воҳидова-вакили мудофеи Урунбой Усмонов-хабарнигори Би Би Си дар Хуҷанд мегӯяд, Усмонов билофосила баъд аз боздошташ дар моҳи июн мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Воҳидова имрӯз гуфт, ки афсарони нируҳои амниятӣ хабарнигори Би Би Си-ро лату кӯб кардаанд ва оташи сигорро ба дастонаш гузоштаанд. Вай гуфт, то ба ин авохир Усмонов аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ мекард, то вазъияташ дар зиндон бадтар нашавад. То ҳол кормандони амниятӣ ба ин суханон вокуниш нишон надодаанд. Би Би Си мегӯяд, иттиҳомоти зидди Усмонов бепояву асос аст ва ҳар мулоқоти вай бо аъзои Ҳизбуттаҳрир комилан бо фаъолияти рӯзноманигориаш иртибот дорад. Мурофиаи додгоҳии Урунбой Усмонов ҳафтаи гузашта оғоз шуд ва ба интиқоди густардаи маҳофили байналмиллалӣ, аз ҷумла Амрико ва Иттиҳолдияи Аврупо рӯ ба рӯ шуд.
XS
SM
MD
LG