Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтани панҷ мошини нафткаши НАТО дар Покистон


Мардони мусаллаҳ дар ҷанубуғарби Покистон дастикам 5 мошини нафткашони нерӯҳои НАТО-ро ба оташ кашиданд. Мақомоти покистонӣ мегӯяд, воқеа дар шоми ҷумъа дар 20-километрии шаҳри Кветта замоне иттифоқ афтод, ки мусаллаҳон бордонҳои пур аз маводи сӯхтро ҳадафи тир қарор доданд. Талафоти ҷоние ба бор наомадааст. Мошинҳо интизори гурӯҳи дидбон буданд, ки мебоист корвонро то марзи Афғонистон ҳамроҳӣ мекард.
XS
SM
MD
LG