Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳо дар Исроил панҷ кас ҷон бохтанд


Бар асари ҳамлаҳо дар ҷануби Исроил, дар манотиқи ҳаммарз бо Миср, дасти кам 5 нафар кушта ва даҳ каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу изҳор намуд, ки ҳамлаҳои террористӣ аз сӯи мусаллаҳони фаластинӣ тарҳрезӣ шудаанд.

Низомиёни исроилӣ хабар доданд, ки нерӯҳои амниятӣ таъқиби гурӯҳи мусаллаҳро идома медиҳанд.

Аз ин пеш дар бораи тирборони ду автобуси мусофирбар ва чанд худрав дар наздикиҳои шаҳри Эйлот хабар дода мешуд. Ба думболи ин дар шаҳри Беэршева дар назди низомиёни исроилӣ як бомб таркид.
XS
SM
MD
LG