Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ШМГ Либия дар Вошингтон намояндагии худро боз кард


Як дипломати Либия аз ҷониби шӯришиёни ин кишвар дар Вошингтон дубора намояндагии Либияро боз кард. Алӣ Авҷалӣ замоне сафири режими Муаммар Қаззофӣ дар Амрико буд, вале акнун Шӯрои Миллии Гузори Либияро дар амрико намояндагӣ хоҳад кард. Ин шӯро бар зидди режими Муаммар Қаззофӣ дар Либия мубориза мекунад. Алӣ Авҷалӣ моҳи феврали соли ҷорӣ ҳукумати Қаззофиро тарк кард ва ба шӯришиён пайваст. Амрико Шӯрои Миллии Гузори Либияро ба унвони ҳукумати қонунии Либия ба расмият шинохтааст.
XS
SM
MD
LG