Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден бо раҳбарони Чин мулоқот мекунад


Ҷо Байден
Ҷо Байден
Ҷо Байден-муовини раиси Ҷумҳури Амрико барои як боздиди чаҳоррӯза дар Чин қарор дорад. Вай дирӯз барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Чин, аз ҷумла муовини раиси ҷумҳури Чин Хӣ Ҷин Пинг вориди Пекин шуд. Интизор меравад, ки Хӣ Ҷин Пинг дар соли 2013 ба ҷои Ҳу Ҷинтао ба мақоми раҳбарии Чин номзад пешбарӣ шавад. Дар музокироти Байден бо ҷониби Чин камбуди будҷаи Амрико дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳад дошт. Чин баъд аз Амрико бузургтарин кишвари иқтисодии ҷаҳон ба шумор меравад ва ба арзиши 1,2 триллион доллар авроқи баҳодори Амрико ё заёмро харидорӣ кардааст. Ҳеҷ кишвари дигари хориҷӣ ба ин андоза заёмҳои Амрикоро харидорӣ накардааст. Чин раҳбарони Амрикоро барои барои бӯҳрони қарз интиқод кардааст.
XS
SM
MD
LG