Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи қазияи “гаравгони ҷуғрофиёи сиёсӣ”


Дар қазияи ҷавони тоҷики дар Осетияи Ҷанубӣ бандмонда равзанае барои умедворӣ пайдо шуд.

Чанд моҳ пеш, вақте Ҳусниддин Машрабов ва як ҷавони узбакистонӣ бо номи Рустам аз Русия ба Осетияи Ҷанубӣ мерафтанд, бо чӣ мушкили печида мувоҷеҳ шуданашонро ҳатто тасаввур намекарданд.

Ба гуфтаи Ҳусниддин, онҳо мехостанд, ки як муддат дар Осетияи Ҷанубӣ кор карда,
Ин ҳафта аз парвоз ба Тоҷикистон маҳрум шудам ва даҳ ҳазор рубли русӣ ҷарима пардохт кардам...

сипас аз тариқи Русия ба ватан баргарданд. Ва аммо намедонистанд, ки марзбонҳои рус ба онҳо бо далели хилофкорӣ иҷозаи вуруди дубора ба қаламрави Русияро нахоҳанд дод. Ҳусниддин мегӯяд, ки ин тасмим гиҷашон кард, зеро онҳо дар Русия ягон хилофкорӣ накардаанд.

ДАР ҚАЛАМРАВИ ЭЪТИРОФНАШУДА

Хуруҷи Ҳусниддину Рустам аз Осетияи Ҷанубиро он омил душвор сохт, ки Тоҷикистону Узбакистон истиқлоли ин ҷумҳурии аз ҳайати Гурҷистон каноррафтаро эътироф накардаанд ва аз ин рӯ бо он робитаи дипломатӣ надоранд.

Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди огаҳ шудан аз қазияи дар Осетияи ҷанубӣ банд мондани муҳоҷири тоҷик аз ҳукумати Гурҷистон дархости кӯмак карданд ва аммо мақомоти гурҷӣ рӯирост гуфтаанд, ки Осетияи ҷанубӣ ба ҳарфи онҳо гӯш нахоҳад дод.

Зимнан, аз нигоҳи Тифлис ҳарду муҳоҷир хилофкоранд, зери ғайриқонунӣ, яъне, аз тариқи Русия ба Осетияи Ҷанубӣ ворид шудаанд.

ПИРӮЗИИ ДИПЛОМАТҲОИ УЗБАКИСТОН

Ҷобир Кароматов, муҳоҷири тоҷики муқими Осетияи Ҷанубӣ, ки моҳҳои ахир аз Ҳусниддин ва Рустам муроқибат мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ахиран хешу табор ва дипломатҳои Ӯзбакистон муваффақ шуданд, ки дар бораи ба ватан баргаштани Рустам бо мақомоти Осетияи Ҷанубӣ ва Русия созиш ҳосил кунанд. Ҷобир афзуд, ин хабар ва бетафовутӣ ба сарнавишташ Ҳуснидинро он қадар дилтангу озурда кард, ки ӯ дирӯз аз ҳуш рафт: “Мо мошини ”Ёрии таъҷилӣ” даъват кардем ва ӯро ба бемористон бурданд. Ман то субҳ бо ӯ дар он ҷо будам, ҳоло бояд дар ҷойи кор бошам, чунки бояд пул дарёфт кунам ва баъдан дубора ба бемористон меравам.”

Ҷобир мегӯяд, ки мушкили бозгашти Ҳусниддин ӯро сахт побанд кардааст. Ҳамин моҳ Ҷобир бояд ба Тоҷикистон мерафт ва аммо бидуни ҳал боқӣ мондани мавзӯи бозгашти Ҳусниддин садди роҳаш шудааст. “Ин ҳафта аз парвоз ба Тоҷикистон маҳрум шудам ва даҳ ҳазор рубли русӣ ҷарима пардохт кардам,”- бо таассуф гуфт Ҷобир.

МУҲОҶИРИ БЕМОР, БЕИЛОҶ ВА БЕКАС

Ба гуфтаи ӯ, Ҳусниддин, аз як сӯ, забони русиро хуб намедонад ва аз сӯи дигар, бар асари маризӣ имкони кор кардану маблағе дарёфт карданро надорад. Маҳз ба ҳамин хотир дигар тоҷикони муқими шаҳри Осетияи Ҷанубӣ барои нигоҳубин кардани Ҳусниддин ва Рустам розӣ нашуданд:

“Рости гап, ман ба ду-се кас гуфтам, ки ҳамин бачаҳоро нигоҳубин кунед, баъди як-ду ҳафта ҳуҷҷатҳояшон дуруст мешаванд ва онҳоро гирифта мебаранд. Гуфтанд, ки мо ба гардан намегирем, мақсад, ки ин ду нафар маризанд ва кор карда наметавонанд ва аммо онҳоро хӯрондан даркор, маблағи хонаи иҷораро ҳам бояд дод. Ман гуфтам, ки барои ду ҳафта пули хӯроку хонаашонро медиҳам ва аммо розӣ нашуда гуфтанд, ки агар онҳоро баъди ду ҳафта наборанд, барои мо дарди сар мешаванд”, мегӯяд ҳамватани дилсӯз.

Ҷобир Кароматов меафзояд, ки такопуву талошҳояш барои ҳали қазияи бозгашти Ҳусниддин ба Тоҷикистон ноком буданд. Ӯ мегӯяд, ки имкони Маскав рафтану ҳал кардани ин мушкилро надорад, зеро вурудаш ба Осетияи Ҷанубӣ душвор хоҳад шуд.

Ҳамсӯҳбати мо аз кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия гила кард, ки дар баробари сарнавишти ҳамватани ба гирдоби мушкил ва яъсу ноумедӣ афтода бетафовутанд.

ХУШБИНИИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Ва аммо Сӯҳроб Раҷабов, мушовири сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, ки онҳо барои ҳалли ин қазияи воқеан ҳам печида талоши зиёди ба харҷ доданд ва умедворанд, ки рӯзҳои наздик Ҳусниддин Машрабов қаламрави Осетияи Ҷанубиро тарк хоҳад кард:

Ҷаноби Раҷабов гуфт: “Интизорем, ки рӯзи ҷумъа ӯро барорем. Мо ба ҳама мақомоти Русия муроҷиат кардаем, ҳоло мақомоти сарҳадии ин кишвар масъаларо пайгирӣ мекунад ва ваъда карданд, ки рӯзи ҷумъа онро ҳал хоҳанд кард. Баъд аз ризояти онҳо, ба муҳоҷири тоҷик чанд соат вақт медиҳанд, ки то Сочӣ рафта, аз он ҷо ба Тоҷикистон парвоз кунад. Агар, бигирем, рӯзи аз Осетияи Ҷанубӣ беруншавияшон ҷумъа бошад, мо ба ӯ хабар медиҳем, ки аз тариқи кадом гузаргоҳ бояд вориди Русия шавад.”

Сӯҳроб Раҷабов меафзояд, ба дарозо кашидани ҳалли ин қазия бо он омил марбут аст, ки онҳо бояд ин мавзӯъро бо сохторҳои гуногуни Русия ҳамоҳанг месохтанд. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, онҳо чанде пеш як муҳоҷири тоҷикро, ки дар Абхозистон ба ҳамин гуна мушкил мувоҷеҳ шуда буд, аз он ҷумҳурӣ берун карда ба Тоҷикистон фиристоданд.

Талошҳои дипломатӣ то куҷо муваффақ буданд ва оё Ҳусниддин баъд аз сарсониву саргардониҳо дар ниҳоят Осетияи Ҷанубиро тарк хоҳад кард, вақт нишон хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG