Бар пояи иттилоъи Созмони милали Муттаҳид, тирборони нерӯҳои ҳукуматии Сурия ҳадди аққал панҷ ҳазор паноҳандагони фаластинии муқими шаҳри бандарии Лозиқияро барои фирор маҷбур сохтааст.
Крис Ганнес, намояндаи Идораи СММ оид ба кӯмак ба паноҳандагони фаластинӣ гуфт, ки "мо аз авзоъ дар Лозиқия, ки аз қароргоҳи паноҳандагони он беш аз нисфи муқимонашон - аз 5 то 10 ҳазор нафар фирор кардаанд, шадидан нигаронем. Онҳо аз тирборон аз баҳру аз замин гурехтаанд. Мо аз мақомоти Сурия дастрасии фаврӣ ба афроди ҷароҳатбардоштаву беморон ва имкони идомаи барномаҳои башардӯстонаамонро талаб дорем".
Крис Ганнес афзуд, ки бар асари тирборон дасти кам чаҳор фаластинии муқими Сурия ба ҳалокат расидаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки бар асари тирборони шаҳри Лозиқия аз сӯи артиш дасти кам 27 нафар кушта шуданд. Дирӯз дар бораи тирборони бархе аз шаҳрҳои вилояти Ҳомс низ хабар расида буд.