Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми нави писари Убайдуллоев


Муҳаммадсаид Убайдуллоев
Муҳаммадсаид Убайдуллоев
Бино ба гузоришҳо, Амирҷон, писари 29-солаи шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев намояндаи ҳукумати Тоҷикистон дар Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ таъйин шудааст. Амирҷон Убайдуллоев, ки то кунун дар вазорати молияи Тоҷикистон кор мекард, дар симати ҷадид Завқиҷон Завқиевро иваз хоҳад кард. Кадоме аз мақомот хабари таъйиноти писари Убайдуллоевро расман таъйид накардааст, вале дар намояндагии Сандуқи пул ба Интерфакс гуфтаанд, ки Амирҷон Убайдуллоев намояндаи ҷадиди Тоҷикистон дар ҳарду ниҳоди молӣ –Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи пул – таъйин шудааст.
Муҳаммадсаид Убайдуллоев 15 сол боз шаҳрдори Душанбе ва аз соли 2000 раиси Маҷлиси Миллӣ буда, аз ёрони наздики раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Духтари Раҳмон Озода Раҳмонова низ соле пеш муовини вазири хориҷа ва писари ӯ Рустами Эмомалӣ дар моҳи март раиси идораи мубориза бо қочоқи Кумитаи гумруки Тоҷикистон таъйин шуданд.
XS
SM
MD
LG