Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Бритониё: "Мушкилоти иҷтимоиро бояд рафъ кард"


Ҷорҷ Озборн, вазири молияи Бритониё, мегӯяд, кишвараш, ки ҳамин ҳафта шоҳиди ошӯбу ғоратгариҳои зиёде шуд, бояд ба мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ муқобила кунад. Аммо гуфт ӯ бо вуҷуди ин ошӯбҳо, ҳукумат барномаҳои коҳиши хароҷоти буҷаи давлатиро ҳамчунон идома хоҳад дод. Ҳукумати Бритониё қасд дорад, барои коҳиши хароҷоти афзояндаи буҷаи давлатӣ, 30 ҳазор маъмури пулисро ихтисор кунад. Дар ин рӯзҳои истироҳат, пулиси Бритониё 16 ҳазор нафарро барои таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз ошӯбҳои эҳтимолӣ дар шаҳри Ландан сафарбар кардааст, агарчӣ ин корро маъмулан 2500 нафар мекарданд.
XS
SM
MD
LG