Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ҳамла ба хориҷиён бештар шудааст


Дар Қирғизистон ҳамла ба хориҷиён зиёд шудааст, ки як тамоюли нигаронкунанда маҳсуб мешавад. Сар аз моҳи январи ҳамин сол то моҳи июн дар Қирғизистон 129 мавориди ҳамла ба хориҷиён сабт шудааст, агарчӣ дар соли 2010 танҳо 100 чунин ҳодиса иттифоқ афтодааст. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар ҳафтаи гузашта як саёҳи қазоқро дар осоишгоҳи Иссиқкӯл ғорат карда ва ба ҳадде задаанд, ки ба ҳолати кома афтодааст.
XS
SM
MD
LG