Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониҳои тозаи нируҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон


Нируҳои НАТО дар Афғонистон мегӯянд, ки рӯзи панҷшанбе дар Афғонистон ду сарбози дигари онҳо кушта шудаанд ва бад-ин тариқ шумораи сарбозони кушташудаи НАТО дар Афғонистон дар ин рӯз ба 7 нафар расидааст. НАТО гуфт, як нафар дар ҳамлае дар ҷануби Афғонистон кушта шудааст. Дар бораи ин кушторҳо ҷузъиёти дигар дода намешавад. Вазорати дифои Фаронса гуфт, ки қурбонии дуввум сарбози онҳо будааст. Чаҳор сарбози дигари Фаронса захмӣ шудаанд. Нируҳои Амрико таъйид карданд, ки рӯзи панҷшанбе дар инфиҷори баме дар роҳ дар ҷануби Афғонистон 5 сарбози онҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG