Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар вазорати дифоъи Эстония


Бино ба гузоришҳо, як марди мусаллаҳ ба вазорати дифоъи Эстония дар шаҳри Таллин ворид шуда ва ба тирандозӣ шурӯъ кардааст ва ҳамчунин аз онҷо садои таркиш ба гӯш расидааст. Хабаргузории “Интерфакс” мегӯяд, фарди мусаллаҳ як нафарро гаравгон гирифтааст ва боқӣ ҳама гурехтаанд. Ҳоло атрофи бинои вазоратро пулис иҳота кардааст. Сухангӯи вазорати дифоъи Эстония вуқӯъи ҳодисаро ба хабаргузории “Ассосиеэйтед Пресс” таъйид кардааст. Ҷузъиёти дигаре дар ин бора дар даст наст.
XS
SM
MD
LG