Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ошӯбҳо дар чанд шаҳр ва оромӣ дар Лондон


Аз чанд шаҳри Британия дар бораи ошӯбу хушунатҳо хабар мерасад, аммо вазъ дар Лондон пас аз сафарбар шудани ҳазорон корманди иловагии полис ором шудааст. Гурӯҳе аз ҷавонон чандин биноро дар шаҳри шимолуғарбии Манчестер оташ зада ва бо нерӯҳои полис даргир шудаанд. Сухангӯи полиси Манчестер мегӯяд, полис бо «дараҷаи ғайриодии хушунати гурӯҳҳои ҷиноӣ рӯбарӯ шудааст, ки хостори дар додани беназмиҳои густардаанд.» Ҳамчунин аз нооромиҳо дар Ливерпул, Бромвичи Ғарбӣ, Волверҳамптон ва Нотингҳем хабар расидааст. Барои ҳифзи назм дар Лондон 16 000 корманди полис сафарбар шудаанд. Дар аксари шаҳрҳои Британия фурӯшгоҳҳо баста ва нақлиёт номуназзам буда, аҳолӣ аз хонаҳо берун намераванд. Сарвазир Дейвид Камерон аъзои порлумонро аз истироҳат бозхонд ва гуфтааст, ошӯбҳоро саркӯб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG