Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Бозгашти президенти фирории Озарбойҷон пас аз 19 сол

Нахустин раисиҷумҳури пасошӯравии Озарбойҷон, Аёз Муталибов пас аз қариб бист соли ҳиҷраташ ба Боку баргашт. Мақомоти Озарбойҷон ба ӯ иҷоза доданд, дар расми дафни писараш, ки дар 49-солагӣ аз саратон фавтидааст, ширкат кунад. Муталибови 73-сола дар солҳои 1990-1992 раисиҷумҳури Озарбойҷон буд, аммо бо фишорҳо аз ин мақом барканор ва ба Маскав ронда шуд. Парвандаи зидди ӯ, ки саркӯби тазоҳуроти миллигароён бо истифода аз нерӯҳои шӯравӣ дар соли 1990 айбдор мешавад, ҳанӯз баста нашудааст. Маълум нест, Муталибов дар Боку боқӣ хоҳад монд ё мақомоти Озарбойҷон барои пешбурди таҳқиқи ҷиноӣ аз хуруҷи ӯ пешгирӣ хоҳанд кард.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Радиои Озодӣ ҳукумати Русияро ба Додгоҳи Аврупо кашид

Қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Прага

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон шикоят бурд.

Радио аз Додгоҳи Аврупо хостааст, барои таъйини муҳлат ё моратория дар иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия, ки Радиои Озодиро барои иҷро накардани қонуни маъруф ба "агенти хориҷӣ" чораҷӯӣ кунад.

Мақомоти Русия нисбати Радиои Озодӣ ва мудири кулли он Андрей Шарого дар Русия садҳо санади қонунвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд. Ин санадҳо марбут ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ҳастанд. Додгоҳ Радиои Озодиро барои вайрон кардани ин қонун ҷарима бастааст.

Дар муроҷиати Радиои Озодӣ унвонии Додгоҳи Аврупо омадааст, ки амалкарди мақомоти Русия ҳуқуқи одамонро ба озодии баён ва озодии ақида маҳдуд мекунад, ки аз сӯи Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон кафолат дода шудааст. Аз Додгоҳи Аврупо дархост шудааст, ки дар робита ба ҷаримаҳои ҳангуфти додгоҳҳои Русия чораҷӯӣ кунад, дар сурати ғайр Радио ва мудири он мумкин аст, ҷаримабандӣ шаванд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Ҷейми Флай, президенти Радиои Озодӣ/ Радиои Аврупо Озод, талошҳои афзояндаи Русия барои берун кардани Радиои Озодӣ ва шабакаи маъруфи "Current Time" аз он кишварро маҳкум кард.

Дар изҳороти оқои Флай, ки рӯзи 8-уми апрел нашр шуд, гуфт мешавад, "Радиои Озодӣ ба он хотир аз сӯи мақомоти Русия ҳадаф қарор гирифтааст, ки Кремл дар пайи маҳдуд кардани иттилоъ ба мардум аст ва мо ахбору маълумоти воқеиро дар ихтиёри онҳо қарор медиҳем. Мо ба муқовимат дар баробари ин ҳамлаҳо бо тавоноии худ барои фаъолият дар Русия аз тариқи ҳама роҳҳои мумкин идома хоҳем дод. Мо ба ин бовар ҳастем, ки мардуми Русия интихоб ё гузинаҳои бештаре мехоҳанд".

Ин изҳороти оқои Флай дар ҳоле садо медиҳад, ки Радии Озодӣ огоҳ шудааст, "Роскомнадзор" -- ниҳоди танзимкунандаи фаъолияти расонаҳои Русия, дар даври тозае Радиои Озодиро боз 130 ҳолати дигари вайрон кардани талаботи қонун муттаҳам мекунад. "Роскомнадзор" то ба ҳол Радиои Озодиро барои 390 ҳолати вайрон кардани талаботи қонун "дар бораи агентҳои хориҷӣ" қариб 1 миллион доллар ҷарима кардааст.

Дар сурати иттиҳомоти нав, маҷмуи "қонуншиканиҳо"-и Радиои Озодӣ ба гуфтаи мақомоти Русия, ба 520 иттиҳом мерасад ва маблағи ҷаримаи пешбинишуда ба 2,3 миллион доллар хоҳад расид. Сарпечӣ аз иҷрои ин талабот ҷарима ва эҳтимоли бастани сомонаҳои "Садои Амрико", Радиои Озодӣ ва тарҳҳои дигари Радиои Озодиро дар Русия ба дунбол дорад.

Дар панҷ соли гузашта шумораи корбарони Радиои Озодӣ дар Русия ду баробар афзоиш ёфтааст. Нуфузи РАО/РО дар ҳоли афзоиш аст: дар маҷмуъ дар ду моҳи соли 2021 ба сомонаи русии Радиои Озодӣ бештар аз 32 миллион бинанда сар задааст. Наворҳои видеоии "Current Time" -- як тарҳи Радиои Озодӣ, байни октябри соли 2019 ва сентябри 2020 беш аз 1,5 миллиард бор дида шудаанд.

Бино ба талаби "Роскомнадзор", тарҳҳои Радиои Озодӣ дар Русия бояд дар ибтидои ҳама гуна барномаҳои аудиоӣ порчаи 15-дақиқаии садоиро дар бораи агенти хориҷӣ будани радио нашр кунанд. Ҳамчунин бояд дар барномаҳои видеоӣ навиштаи агенти хориҷӣ ҷо дода шавад. Ҳамзамон бояд дар маҳсулоти матнӣ, ҳам дар сомона ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сарфи назар аз ҳаҷми матн, навиштаи агенти хориҷӣ нашр шавад.

Рӯзи 6-уми апрел Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар робита ба фишори мақомоти Русия, ки ба пешгирӣ аз фаъолияти Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ равона шудааст, изҳори нигаронӣ кард.

Блинкен рӯзи 6-уми апрел бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Оҷонси Амрико дар умури расонаҳои ҷаҳонӣ (USAGM) Келу Чао мулоқот кард. Дар ин мулоқот аҳамияти расонаҳои мустақил дар ҳифз ва густариши усулҳои демократӣ баррасӣ шуд.

Моҳи гузашта гуруҳи сенаторҳои ИМА аз ҳизби демокративу ҷумҳурихоҳ Кремлро барои "ҳамлаи давлатӣ ба озодии расонаҳо" маҳкум карданд. Сенаторҳо дар изҳороти муштараки худ гуфтаанд, қонуни мазкур ба хотири он истифода мешавад, ки Радиои Озодӣ ва дигар тарҳҳои РАО/РО-ро маҷбур ба хомӯш нишастан кунанд.

Зеленский бо раҳбарони Фаронса ва Олмон мавзӯи Русияро машварат мекунад

Киев, 15-уми апрели соли 2021. Президенти Украина Владимир Зеленский

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба нишони пуштибонӣ аз Киев дар заминаи нигарониҳо аз таҷаммӯи нирӯҳо дар марзи Украина ва нимҷазираи Қрим рӯзи 16-уми апрел бо раиси ҷумҳурии Украина Владимир Зеленский дидору гуфтугӯ мекунанд. Дафтари раёсатҷумҳурии Фаронса гуфт, Макрон бо Зеленский дар ҷараёни хӯроки нисфирӯзӣ дар Париж мулоқот карда баъди ин тавассути конфронси видеоӣ бо Меркел сӯҳбат хоҳанд кард. Дар ин изҳорот аз рӯзи 15-уми апрел омадааст, ки истиқлолияти Украина таҳти хатар аст ва «тамоми кори мо бо ҳадафи пешгирӣ аз тавсеа ва кам кардани танишҳо равона шудааст”. Зеленский гуфт, ки мушовараҳо дар Париж барои омода шудан ба музокироти чаҳорчӯбаи Нормандия бо иштироки раҳбарони Украина, Русия, Фаронса ва Олмон мусоидат мекунад. Ин кишварҳо аз соли 2015 ба ин сӯ ба унвони миёнҷиҳо дар ин низоъ иштирок мекунанд.

Медиазона: "Як тоҷикистониро аз Маскав рабуда, ба Душанбе бурданд"

Пулиси Русия. Акс аз бойгонӣ.

"Афроди ношиносе Қиём Гулови 30-соларо аз хонаи иҷорааш дар Маскав рабуда, ба Тоҷикистон бурдаанд. Гуловро дар Тоҷикистон ба кумаки молӣ ба террористон гумонбар медонанд", -- навиштааст сомонаи "Медиазона". Ба иттилои расона, "ин сокини Тоҷикистонро 1-уми апрел рабудаанд."

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, Гулов баъд аз 1-уми апрел ба кор набаромад ва соҳиби манзили иҷораи вай гуфт, афроде, ки ба суроғи Гулов омада буданд, шаҳодатномаи корманди ВКД-и Русияро нишон доданд.

Баъди панҷ рӯзи "гум" шудани Гулов кормандони пулиси шаҳри Душанбе ба падари вай занг зада, хабар доданд, ки писараш дар боздошт аст.

Қиём Гулов соли 2016 ба Маскав барои кор рафтааст. Пайванди вай хабар доданд, ки соли 2017 Қиём ҷавонеро дар манзилаш ҷо кардааст, ки мебоист, барои таҳсил ба Арабистони Саудӣ мерафт.

"Мақомоти Русия он ҷавонро дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ боздошт ва ба Тоҷикистон фиристоданд. Ҷавони ирсолшударо дар Тоҷикистон дар тундгароӣ ва терроризм айбдор ва дар телефонаш аксҳои Қиёмро ёфтанд. Ба ҳамин ин тартиб, Гулов барои мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо террористон гумонбар шуд", -- менависад нашрия.

Гуловро соли 2017 дар Русия боздошт ва ба ҳабс гирифтанд. Қиём Гулов дар маҷмуъ бештар аз ду сол дар ҳабсу дар маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ нигаҳ дошта шуд.

Вакилони мудофеи Қиём Гулов мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон ӯро бо моддаи "Зархаридӣ, омӯзиш, сармоягузории зархаридон" айбдор мекунанд. Ин модда аз 5 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Баҳром Ҳамроев, вакили мудофеи Гулов, мегӯяд, дар моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ 200 тоҷикистониеро аз Русия ба Тоҷикистон овардаанд, ки дар терроризм ва экстремизм айбдор мешаванд.

Иддае аз занони Бишкек бо ғасби як идораи давлатӣ ва таҳдиди худсӯзӣ талаби қатъи қарздиҳӣ карданд

Гуруҳе аз занони Қирғизистон бинои идораи як деҳкадаро дар наздикии шаҳри Бишкек ғасб ва таҳдиди худсӯзӣ карданд. Онҳо дар зарфҳо бо худ бензин оварданд.

Занҳо талаб карданд, ки дар Қирғизистон қарздиҳӣ қатъ шавад. Бисёре аз ин занҳо аз бонк қарздор буда, дар баргардонии қарзи бонкҳо оҷиз мондаанд.

Инҷо занҳо аз ҳафт вилояти кишвар ҷамъ шудаанд. Мо рӯймолҳои сафедро аз сар гирифта, бо нишони мусибат рӯймоли сиёҳ пӯшидем. Зеро мардуми мо дар азоб аст", - гуфт яке аз занҳои ҷамъшуда.

Занҳо гуфтанд, омоданд, дар ҳар лаҳза ба сару рӯи худ бензин пошида, оташ зананд.

"Мо се рӯз пушти дари ҳукумат нишастем, аммо касе назди мо набаромад. Мо талаб мекунем, ки қарздиҳӣ дар кишвари мо манъ шавад, зеро касоне, ки қарзро баргардонида наметавонанд, аз охирин сарпаноҳи худ маҳрум мешаванд. Ин кори нодуруст аст", - гуфт намояндаи ҳаракати "Эне-мекен" Уркия.

"Бисёре аз занҳо қарзҳои пардохтнашуда доранд. Писари яке аз занҳо худро овехт, зеро натавонист, ки қарзро баргардонад. Акнун манзили онҳоро мехоҳанд бигиранд. Бонкҳои мо бо фоизҳои ниҳоят баланд қарз медиҳанд. Баъди вабо мардум бекор монданд ва натавонистанд, ки қарзи бонкро баргардонанд", - гуфт намояндаи дигари ҳаракати "Эне-мекен" Минобар.

Сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипоф ваъда кард, ки рӯзи шанбе бо ин занҳо мулоқот мекунад.

Ним миллион аҳолии Қазоқистон зидди коронавирус эм шудаанд

Маъракаи ваксинзанӣ дар шаҳри Нурсултон, 15-уми апрели 2021

Дар Қазоқистон то 15-уми апрел беш аз 500 ҳазор кас ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд. Танҳо дар давоми якшабонарӯзи гузашта 70 ҳазор қазоқистонӣ эм карда шуданд.

Дар шаҳри Алмато 107,2 ҳазор нафар ё 5,5 дарсади сокинони он эм карда шудаанд. Дар вилояти Алмато ҳудуди 59 ҳазор ва дар шаҳри Нурсултон 43,5 ҳазор кас ваксинаро дарёфт кардаанд.

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дода буд, ки гузаронидани оммавии ваксинаи зидди коронавирус аз 1-уми феврал дар ин кишвар оғоз шуд. Дар марҳилаи аввал онро ба табибон гузаронданд.

Қазоқистон ҷамъан ба маблағи 40 миллион доллар ваксинаи русӣ харидорӣ хоҳад кард.

Додситонии Узбекистон болоравии нархи равғанро таҳқиқ мекунад

Акс аз бойгонӣ

Додситонии кулли Узбекистон сабабҳои якбора гарон шудани нархи равғани растаниро дар он кишвар дар моҳи Рамазон таҳқиқ мекунад.

Ҳоло дар бозорҳои Узбекистон як литр равғани растанӣ ба 24 ҳазор сӯм (2,3 доллар) фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки он ҳафтае пеш 21 ҳазор сӯм (2 доллар) буд. Бино ба арзёбии коршиносон, нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Узбекистон дар умум 34 дарсад боло рафтааст.

Кумитаи зиддиинҳисории Узбекистон болоравии якбораи нархро ба гароншавии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар ҷаҳон ва кам шудани ҳосилнокӣ дар соли гузашта рабт додааст.

Дар Федератсияи ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолгарони Узбекистон гуфтанд, тоҷирон нархи маҳсулотро "беасос" боло бурдаанд. Ба гуфтаи масъулони федератсия, болоравии нархи маҳсулот, аз ҷумла равғани растанӣ дар саросари ҷаҳон барои тоҷирони маҳаллии Узбекистон баҳона шудааст, то моли захираи худро бо нархи гаронтар фурӯшанд.

Ба иттилои кумита, Узбекистон солона ба беш аз 300 ҳазор тонна равғани растанӣ ниёз дорад ва соли гузашта дар он кишвар зиёда аз 450 ҳазор тонна равғани мазкур истеҳсол шудааст.

Гуфтугӯи мушкил дар бораи барномаи ҳастаии Эрон

Гуфтугӯҳо дар бораи созиши ҳастаӣ бо Эрон рӯзи 15-уми апрел дар Вена дар ҳоле оғоз мешавад, ки Теҳрон пас аз ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Натанз, ният дорад ғанисозии ураниюмро афзоиш диҳад.

Эрон ва дигар тарафҳои ин созиш -- Бритониё, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия ҳафтаи гузашта аз гуфтугӯҳои "созанда" барои бозгашти Теҳрон ва Вашингтон ба ӯҳдадориҳояшон дар созиши ҳастаии соли 2015 хабар дода буданд.

Аммо рӯзи 13-уми апрел Эрон эълон кард, ки ғанисозии уранюмро аз сар мегирад. Ин тасмими Теҳрон ҳамакнун бар музокироти кишварҳои аврупоӣ барои сари мизи гуфтугӯҳо овардани Теҳрон ва Вашингтон соя афкандааст.

Мақомоти Эрон расман гуфтанд, ки ин тасмим дар вокуниш ба ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Натанз дар чанд рӯзи қабл рӯи даст гирифта шудааст. Эрон Исроилро дар ин ҳамла муттаҳам мекунад.

Энтони Блинкин, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел эълони Теҳронро барои ғанисозии 60-дарсадии ураниюм "таҳрикомез" хонд ва гуфт, онро ҷиддӣ мегиранд.

Бритониё, Фаронса ва Олмон низ "нигаронии амиқ"-и худро аз ин тасмими "хатарнок"-и Теҳрон баён карда, гуфтанд, ки он ба талошҳои пайдарпай барори эҳёи созиши ҳастаии соли 2015 аст, латма мезанад.

Раиси ҷумҳури пешини Амрико Доналд Трамп соли 2018 кишварашро аз ин созиш берун кард. Теҳрон борҳо гуфтааст, ба дунболи сохтани силоҳ ҳастаӣ нест ва барномаи ҳастаии он сирф ҳадафҳои ғайринизомӣ дорад.

КДАМ-и Қирғизистон парвандаи ҷиноиро нисбат ба Матраимов баст

Раимбек Матраимов

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) парвандаи ҷиноӣ нисбат ба муовини пешини раиси Хадамоти гумруки он кишвар Раимбек Матраимовро баст. Дар ин бора аз маркази матбуотии КДАМ иттилоъ доданд.

КДАМ пештар хабар дода буд, ки Раимбек Матраимов рӯзи 18-уми феврали соли 2021 дар доираи парвандаи пулшӯӣ боздошт ва ҳабс шудааст. "Таҳқиқоти журналистӣ дар бораи Матраимов ва дороиҳои вай дар Дубай сабаби боз кардани парванда шуда буд", - омадааст дар хабари КДАМ.

Ин ниҳоди қудратии Қирғизистон ба мақомоти кишварҳои ИДМ, Аврупо, Чин, Туркия ва Дубай дар бораи дороиҳои Матраимов ва аъзои хонаводаи вай дархост ирсол кардааст.

"Бино ба посухҳои расмӣ, Матраимов ва аъзои хонаводаи вай дар ин кишварҳо амволи манқулу ғайриманқул надорад", - иттилоъ медиҳад КДАМ. Манбаъ афзудааст, "далелҳое, ки дар таҳқиқоти журналистӣ зикр шудаанд, тасдиқ нагардиданд ва ба ин тартиб, парвандаи ҷиноӣ нисбати Матраимов қатъ шуда, вай аз ҳабс раҳо шуд."

Боздошти Матраимов дар рӯзи 18-уми феврали имсол дувумин боздошти вай буд. Бори аввал дар тирамоҳи соли 2020 мақомоти қудратии Қирғизистон Матраимовро боздошт ва пас аз пардохти ҷарима раҳо карданд.

Кенҷабек Абишев - як зиндонии қазоқистонӣ баъд аз гуруснашинӣ бистарӣ шуд

Бемористоне дар Алмато

Кенҷабек Абишев, яке аз маҳбусон аз парвандаи маъруфи "ҷиҳодиҳо"-и Қазоқистон, шаби 15-уми апрел дар бемористон бистарӣ карда шуд. Дар ин бора вакили мудофеи вай Гулнора Жуаспаева иттилоъ дод.

Абишеви 53-сола баъди он гуруснашинӣ эълом кард, ки дархосташ дар бораи озодии шартии пеш аз муҳлат рад шуд. Абишев 5 рӯзи охир гуруснашинӣ мекард.

Ин зиндонии қазоқистонӣ вақтҳои охир аз сиҳатиаш шикоят мекард ва дархости озодии пеш аз муҳлаташ низ, ба гуфтааш, ба сиҳатиаш рабт дошт.

Мақомоти зиндони Қазоқистон ин ҳодисаро то кунун шарҳ надодаанд.

Кенҷабек Абишев ва ду тани дигар аз айбдоршавандаҳои парвандаи маъруф ба "ҷиҳодиҳо" - Алмат Жумагулов ва Оралбек Омиров - 21-уми декабри соли 2018 мутаносибан ба 7 ва 8-солӣ зиндонӣ шуданд.

Баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ин парвандаро сиёсӣ унвон карданд.

Мақомоти Узбекистон таъқиби диндоронро дар Намангон рад карданд

Акс аз бойгонӣ

Раёсати корҳои дохилии вилояти Намангони Узбекистон хабаҳоро дар бораи таъқиби диндорон рад кард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре таҳти унвони "Дар вилояти Намангон таъқиби диндорон идома дорад" мечархад. Дар аксҳои нашршуда хонандаи сатрпӯше дида мешавад, ки дар назди корманди пулис истодааст.

Мақомоти корҳои дохилии Узбекистон гуфтанд, ин акс бозгӯкунандаи воқеият нест. Ба иттилои пулис, кормандони мақомот ба духтари сатрпӯш фишор наоварда, танҳо бо ӯ гуфтугӯ кардаанд ва "фаҳмондаанд, ки бо либоси муайяншуда ба мактаб ояд".

Ба иттилои расмӣ, мактаби рақами 10 дар ноҳияи Янгиқурғони Намангон рӯзи 8-уми апрел ба мақомоти пулис хабар додааст, ки дар рӯзҳои охир то 10 хонанда бо сатр ба мактаб меоянд.

Баъд аз ин хабари раёсати мактаб кормандони пулис бо хонандагони сатрпӯш мулоқот карда, аз онҳо хостаанд, ки бо сатр ба мактаб наоянд.

Аз сокинони Туркманистон талаб шудааст, ки танҳо мошини сафед ронанд

Шаҳри Ишқобод

Дар Туркманистон дар мавриди симои зоҳирии мошинҳо қоидаи нав ҷорӣ шудааст. Бар асоси қоидаи нав, ранги ҳамаи қисмҳои мошин, аз ҷумла қисмҳои аслии он бояд сафед бошанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, ҷорӣ шудани қоидаи нав дар оғози моҳи апрели имсол дар мавсими санҷиши сартосарии техникии мошинҳои корхонаҳои давлатӣ маълум гашт.

Акнун ранги тамоми воситаҳои нақлиёти идораҳои давлатӣ, аз ҷумла автобус, микроавтобус ва мошинҳои сабукрав бояд сафед бошад. Пештар ин талабот танҳо ба нақлиётҳои хусусӣ дахл дошт.

Дар сурати сафед набудани ранги мошин ронандаро ҷарима карда, нақлиётро ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ хоҳанд бурд. Нозирони роҳ сабаби ҷорӣ шудани қоидаи навро шарҳ намедиҳанд.

Мунаввар Мансурхоҷаев, бунёдгузори синемои аниматсионии Тоҷикистон даргузашт

Мунаввар Мансурхоҷаев (Акс аз "Азия-Плюс")

Раиси пешини Иттиҳоди кинематографистони Тоҷикистон ва бунёдгузори синемои аниматсионии Тоҷикистон Мунаввар Мансурхоҷаев рӯзи 15 апрел дар синни 80-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Вай пас аз хатми Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон бо даъвати коргардони маъруф Борис Кимёгаров дар студияи "Тоҷикфилм" ба кор сар кард. Жанри мултипиликатсия ё филми аниматсионӣ дар Тоҷикистон бо талошҳои ӯ дар поёни солҳои 70-уми садаи гузашта пайдо шуда, нахустин филми вай "Моҳии гулдор" дар соли 1981 барандаи ҷашнвораи синемои Иттиҳоди Шӯравӣ гашт. Дар муддати кораш Мансурхоҷаев 8 филми мултипликатсионии тоҷикӣ ба навор гирифт. Вай иқрор мекард, ки ин соҳа аз мушкилтарин ва серхарҷтарин риштаҳои синемо буда, давлат ба рушди он диққати ҷиддӣ намедод. Бо вуҷуди ин бо талошҳоио ӯ ва шарикону шогирдонаш дар Тоҷикистон дар давраи Шӯрпавӣ зиёда аз 30 филми аниматсионӣ ба навор гирифта шудааст. Мунаввар Мансурхоҷаев дар давраи бисёр сангини Тоҷикистон, то соли 2016 раиси Иттиҳоди кинематографистони Тоҷикистон буд.

Амрико таҳдид кард, ки ба зидди мансбадорони Русия таҳрим ҷорӣ мекунад

Як эътирозгар дар наздикии сафорати Русия дар Амрико. Вашингтон, моҳи марти 2017

Бар пояи гузоришҳои расида, Амрико нақша дорад, ба зудӣ ба муқобили як идда мансабдорон ва ниҳодҳои Русия таҳрим ҷорӣ кунад.

Ин манбаъ ба хабаргузориҳои "Рейтерс" ва "Блумберг" гуфтааст, эҳтимол 30 ниҳоди русӣ ба хотири дахолат дар интихоботи Амрико ва кӯшиши рахна кардани шабакаи компютерии давлатӣ ва ширкатҳои амрикоӣ дар соли гузашта мавриди таҳрим қарор гиранд.

Ҳамчунон як идда мансабдорони давлатӣ ва аз ҷумла мақомдорони амниятӣ таҳрим мешаванд. Дар гузоришҳо омадааст, шояд то даҳ нафар аз мансабдорон ва дипломатҳои рус аз Амрико ихроҷ карда шаванд.

Чанд ҳафта пеш президенти Амрико, Ҷо Байден, ишора карда буд, ки дар ҷавоб ба талоши рахна намудани шабакаи компютерӣ ва нармафзорҳои ширкати амрикоии СОЛАР-ВИНД посухи муносиб медиҳад.

Сарчашмаҳои иктишофии Амрико мегӯянд, рахна ба шабакаи компютерии СОЛАР-ВИНД дар моҳи декабр сурат гирифта, зоҳиран аз тарафи рахнагарони русӣ ба амал омадааст.

Маскав даст доштан дар ин амалро рад мекунад. Русия айбномаҳои дахолат дар интихоботи Амрикоро ҳам инкор мекунад.

Дар Туркия як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони ҳамкорӣ бо ДОИШ дастгир шудааст

Як афсари пулиси Туркия

Хабаргузориҳои Туркия рӯзи 14-уми апрел навиштанд, нирӯҳои пулиси он кившар дар як амалиёти вижа 11 нафарро бо гумони ҳамкорӣ бо созмони тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дастгир карданд.

Амалиёти пулис дар даҳ минтақаи Истанбул сурат гирифтааст.

Ба иттилои хабаргузориҳои Туркия, дар миёни дастгиршудаҳо номи як зодаи Тоҷикистон, Солеҳ Солиҳов. низ ҳаст. Мақомоти Туркия гуфтаанд, ӯ бо дархости Тоҷикистон тавассути Интерпол ё пулиси байналмилалӣ кофтукоб мешуд ва номаш дар феҳристи шахсони таҳти ҷустуҷӯ бо хатти сурх ишора шудааст.

То кунун мақомоти Тоҷикистон дар мавриди боздошти Солеҳ Солиҳов изҳороте надоданд.

Баъзе аз муҳоҷирон дар Русия ба хаткашонӣ гузаштаанд

Акс аз бойгонӣ

Тақрибан сеяки сохтмончиёне, ки дастҷамъона ё ба таври муташаккилона ба Русия интиқол дода шудаанд, шуғли худро ба хаткашон ва ё курйер иваз кардаанд. Раҳбари ширкати сохтмонии “Интеко”, Александр Николаев, дар суҳбат бо РБК гуфтааст, баъди он ки ширкатҳои сохтмонӣ бо харҷи ҳудуди аз 100 то 110 ҳазор рубл барои ҳар як коргар ба овардани онҳо аз хориҷ оғоз намуданд, муҳоҷирон ба корҳои дигар гузаштанд. Ба қавли Николаев, фарзи мисол, кори хаткашонӣ нисбат ба сохтмон осонтар аст ва маоши беҳтар дорад, "бино бар ин, муҳоҷирон ба ин шуғл бартарӣ медиҳанд". Чунин раванд ба мушкилоти ҷиддии ширкатҳои сохтмонӣ, ки аз даъваткунандҳои нерӯи корӣ ҳастанд, табдил ёфтааст. Ҳоло ин масъала дар баррасии Вазорати сохтмон, корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдори Русия қарор гирифтааст.

Боздошти ду корманди нерӯгоҳи “Норак” барои аз худ кардани маоши коргарон

Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон ду масъули бахши молии нерӯгоҳи “Норак”-ро ба дуздии маоши кормандон муттаҳам кардааст. Ба иттилои расмӣ, тафтиш нишон додааст, ки ин афрод тавассути 38 корти пластикӣ 2 миллиону 383 ҳазор сомонӣ маоши кормандони нерӯгоҳро аз худ кардаанд. Ба қавли манбаъ, аз зарари расида зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Ҳоло ин ду нафар дар боздошт буда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Назари муттаҳамон ва ё наздиконашон ба айбнома маълум нест.

Муҳлати имтиҳонгирии муҳоҷиронро дар Русия кам карданд

Дар Русия муҳлати истифода аз сертификат ё гувоҳномаи имтиҳони забони русиро барои муҳоҷирон кам карданд. Аз ин ба баъд муҳоҷирони корӣ дар Русия вазифадоранд, ки дар се сол як дафъа аз забони русӣ, таърих ва қонунҳои он кишвар имтиҳон супоранд. Қарорро дар ин бора Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, имзо кардааст. Пештар муҳлати истифодаи гувоҳнома 5 сол муқаррар шуда буд. Дар Русия бар асоси ҳамин гувоҳнома ба муҳоҷирон «патент» ва ё иҷозаи кор медиҳанд.

Анн Линде дар мулоқот бо раиси ҷумҳур ва 5 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз чӣ хоҳад гуфт?

Анн Линде

Анн Линде, вазири корҳои хориҷии Шветсия ва раиси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ба Тоҷикистон омад ва қарор аст бо мақомоти баландпоя, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кунад. Мулоқоти хонум Линде бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар назар аст.

Субҳи 15-уми апрел дар доираи ин сафар раҳбари САҲА дар Душанбе бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард. Дар ин мулоқот, ба иттилои ВКХ, ҳамкориҳои дуҷониба ва низ вазъ дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Чолишҳои муосир, аз ҷумла таъсири бемории COVID-19 ба иқтисод, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибернетикӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбати Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси САҲА будааст.

Ҷузъиёти бештар дар бораи суҳбати Сироҷиддин Муҳриддин ва роҳбари САҲА дастрас нест ва маълум нест, дар ин дидор боз кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Як манбаи огоҳ аз сафар ба Радиои Озодӣ гуфт, Анн Линде баъд аз нисфирӯзӣ бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот мекунад. Ба мулоқоти роҳбари САҲА панҷ намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон даъват шудаанд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, вохӯрии Анн Линде бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дафтари ин созмон баргузор мешавад ва хабарнигоронро ба ин нишаст даъват накардаанд.

То ҳол дақиқ нест, роҳбари САҲА дар поёни сафараш нишасти хабарӣ баргузор мекунад ё не. Дар дафтари созмон дар Душанбе гуфтанд, дар барномаи сафари Анн Линде нишасти хабарӣ ишора нашудааст.

Тибқи иттилои дафтари марказии созмон, Анн Линде дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз Коллеҷи марзбонии САҲА дар Душанбе низ дидан мекунад.

Дар остонаи сафари раиси Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба Тоҷикистон, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва маҳсубони сиёсӣ аз ӯ даъват карда буд, ки дар мулоқот бо мақомоти тоҷик “раҳоии фаврии Иззат Амон”, ҳомии ҳуқуқи шинохтаро талаб кунад.

Ин созмони наздик ба мухолифин дар Аврупо ба Анна Линде муроҷиат карда гуфтааст, "Иззат Амон, ки дар замони пандемияи COVID-19 дар Русия саломатии худро дар хатар монда, ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷикро наҷот дод, ғайриқонунӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст".

Сафари раҳбари САҲА ба чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон 11-уми апрел оғоз шуд ва 15-уми апрел ба поён мерасад. Рӯзи 13-уми апрел Анна Линде дар Бишкек буд ва бо президент ва дигар мақомоти Қирғизистон дидору гуфтугӯ дошт.

Созмони мазкур, аз ҳамкорони муҳими Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар ин кишвар аз соли 1994, замони ҷанги дохилӣ шуруъ карда, то имрӯз миллионҳо долларро барои иҷрои барномаҳояш ҷудо кардааст.

Ҷасади як сокини 29-солаи Варзобро аз об берун овардаанд

Ноҳияи Варзоб

Шоми 13-уми апрел дар канали "Дереватсионӣ"-и шаҳри Душанбе ҷасади як зани ҷавонро пайдо кардаанд. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, маъмурони наҷот баъди дарёфти хабар ҷасадро аз об берун оварданд. Ба иттилои расмӣ, зан сокини 29-солаи ноҳияи Варзоб ва соҳиби ду фарзанд будааст. Расман сабаби ғарқ шудани ӯ гуфта намешавад.

Дар ҳамин ҳол, як корбари Радиои Озодӣ шоми 14-уми апрел дар паёме навишт, "ин зан аз хонаводаи камбизаот буда, ба зулму ситами шавҳар тоб наовардааст. Дар хонаи падар низ бо ду кӯдак азоб доштааст. Ба хонаи хоҳараш дар деҳаи Шафтимиҷгон омада, худро аз болои пул ба дарё мепартояд."

Мақомот ин фарзияро инкор ё тасдиқ накардаанд. Масъулони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ гуфтанд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Солҳои охир баъзе аз занону духтарон ба сабаби, ба гуфтаи мақомот, ҷанҷол дар оила ва ё якдигарнофаҳмӣ худро ба дарё мепартоянд. Баъзе аз онҳоро сокинону имдодгарон наҷот додаанд, баъзеи дигар ба ҳалокат расидаанд.

Мубориза барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ: Туркия дубора Туркманистонро ба Шӯрои туркӣ даъват кард

Шӯрои туркӣ, моҳи октябри соли 2019

Маҷаллаи ҷопонии "Nikkei Asia" гузоришеро дар бораи рақобатҳои Туркия ва Русия барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ нашр кард. Дар ин гузориш талошҳои ду абарқудрат барои соҳиб шудани муносибатҳои наздик бо минтақаи Осиёи Марказӣ инъикос шудааст.

Муаллифи гузориш нақши Шӯрои туркиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва талоши Русия барои ҳифзи муносибатҳо бо кишварҳои минтақаро баррасӣ кардааст.

Ба навиштаи муаллиф, Русия муқобили талошҳои Анкара аст, ки мехоҳад, Шӯрои туркиро ҳамчун василаи барқарории равобити наздик бо кишварҳои туркзабони минтақа истифода барад.

Рӯзи 31-уми марти имсол кишварҳои шомили Шӯрои туркӣ нишасти онлайн баргузор карданд. Бо даъвати шӯро роҳбари Туркманистон ҳам дар нишаст ширкат кард.

Шӯрои туркӣ, ки расман Шӯрои Ҳамкориҳои давлатҳои туркзабон унвон дорад, соли 2009 таъсис шудааст ва айни замон Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркия шомили он ҳастанд.

Туркманистон бо даъвои ин ки кишвари бетараф аст, шомили Шӯрои туркӣ нашудааст. Аммо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, дар нишасти ахири Шӯро аз Туркманистон бори дигар даъват кард, ки узви Шӯро шавад. Роҳбари Туркия бори аввал дар моҳи декабри соли 2020 аз Туркманистон ин даъватро карда буд.

Маҷаллаи ҷопонӣ менависад, дар ҳоле, ки Анкара аз Ишқобод даъвати узвият мекунад, Москва ҳамкориро бо Туркманистон тақвият мебахшад.

Русия, ба навиштаи муаллиф, нисбати Туркия, ки узви НАТО аст, назари неке надорад ва намехоҳад, ки дар Осиёи Марказӣ нуфуз дошта бошад. Муаллиф менависад, Русия Осиёи Марказиро "ҳавлии пушти хонаи худ" медонад.

Мувофиқати Иттиҳоди Аврупо ба ҷорӣ кардани шиносномаҳои COVID барои эҳёи гардишгарӣ

Акс аз бойгонӣ

Намояндагони доимии Иттиҳоди Аврупо дар музокира бо Порлумони Аврупо ба созиш расиданд, ки санади рақамии сабз роҳандозӣ шавад. Ин санад ба одамоне, ки ваксина гирифтаанд, ё натиҷаи ташхисашон манфӣ баромада ё аз коронавирус шифо ёфтаанд, имкон медиҳад, дар замони вабои COVID-19 дар Аврупо амну озод равуо кунанд. Дар ин бора сомонаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хабар медиҳад. Ба навиштаи расонаҳо, ин тасмим ба хотири эҳёи гардишгарӣ дар тобистони соли ҷорӣ гирифта шудааст.

Раиси САҲА ба Душанбе омад. Мулоқоти Анн Линде бо Сироҷиддин Муҳриддин

Мулоқоти Анн Линде бо Сироҷиддин Муҳриддин.

Анн Линде, вазири умури хориҷии Шветсия ва раиси амалкунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ба Тоҷикистон омад ва қарор аст бо мақомоти баландпоя, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кунад. Мулоқоти хонум Линде бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар назар аст.

Субҳи 15-уми апрел дар доираи ин сафар раҳбари САҲА дар Душанбе бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард. Дар ин мулоқот, ба иттилои ВКХ, ҳамкориҳои дуҷониба ва низ вазъ дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Чолишҳои муосир, аз ҷумла таъсири бемории КОВИД-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибернетикӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбати Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси САҲА будааст.

Дар остонаи сафари раиси Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба Тоҷикистон, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва маҳсубони сиёсӣ аз ӯ даъват намуд, ки дар мулоқот бо мақомоти тоҷик “раҳоии фаврии Иззат Амон”, ҳомии ҳуқуқи шинохтаро талаб кунад.

Ин созмони наздик ба мухолифин дар Аврупо ба Анна Линде муроҷиат карда гуфтааст, "Иззат Амон, ки дар замони пандемияи COVID-19 дар Русия саломатии худро дар хатар монда ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷикро наҷот дод, ғайриқонунӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст".

Сафари раҳбари САҲА ба чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз 11-уми апрел оғоз шуд ва то 15-уми апрел идома хоҳад дошт. Рӯзи 13-уми апрел Анна Линде дар Бишкек буд ва бо президент ва дигар мақомоти Қирғизистон дидору гуфтугӯ дошт.

Созмони мазкур, аз ҳамкорони муҳими Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар ин кишвар аз соли 1994, замони ҷанги дохилӣ шуруъ карда, то имрӯз миллионҳо долларро барои иҷрои барномаҳояш ҷудо кардааст.

Даъвати ҷопониҳо барои бекор кардани Олимпиадаи тобистона дар Токио

Акс аз бойгонӣ.

Мувофиқи хабаргузории оҷонсии Kyodo зиёда аз се ду ҳиссаи ҷопониҳо барои бекор кардан ё ба таъхир андохтани Олимпиадаи тобистонаи Токио овоз доданд.

39,2% посухдиҳандагон мехоҳанд Бозиҳоро комилан бекор кунанд. 32,8% иштироккунандагони пурсиш ба тарафдории боз як бори дигар мавқуф гузоштани Олимпиада овоз доданд. 24,5% ҷопониҳои пурсидашуда ҷонибдори онанд, ки мусобиқот тибқи нақша баргузор шавад.

Ба иллати пандемияи коронавирус Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки бояд дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мешуданд, ба муҳлати аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 пешбинӣ шудаанд.

Бозиҳо префикси «2020»-ро барои мақсадҳои маркетинг нигоҳ медоранд. 20-уми марти соли 2021 маълум шуд, ки тамошобинони хориҷӣ ба Олимпиада ва Паралимпиада дар пойтахти Ҷопон роҳ дода намешаванд, пули билетҳои қаблан харидашуда баргардонида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, то ҳоло аз Тоҷикистон ду варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) - ба Олимпиадаи Токио-2020 роҳхат гирифтаанд.

Додгоҳ дастур дод, вазъи сиҳатии президенти пешини Қирғизистон озмоиш шавад

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон.

Додгоҳе дар Қирғизистон дастур дод, ки вазъи сиҳатии Алмосбек Отамбоев, президенти пешин ва зиндонии он кишвар ташхиси судиву тиббӣ шавад.

Дар ин бора Кундуз Жолдубоева, яке аз ҳамсафони Отамбоев хабар дод. Ба гуфтаи Жолдубоева, муҳокимаи додгоҳии Отамбоев дар доираи парвандаи маъруф ба ҳодисаҳои Кой-Тош то анҷоми ташхис манъ шудааст.

Отамбоев аз соли 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. Баъди анҷоми муҳлати президентӣ ӯро дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин айбдор карданд. Отамбоев гуфта буд, айбҳои нисбати вай эъломшуда ангезаи сиёсӣ доранд.

Рӯзҳои 7-8 августи соли 2019 дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи вакилони мудофеъ, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст. Баъди боздошти Отамбоев чанде аз тарафдорони ӯро ҳам дастгир карданд.

Президенти Туркманистон курсии раисии порлумонро соҳиб шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон, раисии порлумони он кишвар Халқ Маслаҳатиро соҳиб шуд. Маросими эъломи раиси нави порлумон рӯзи 14-уми апрел баргузор гардид. Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи нахустини порлумон шахсан эълом кард, ки вай раиси Халқ Маслаҳатӣ таъйин шудааст.

Пештар аз ин расонаҳо ба узвияти порлумони Туркманистон интихоб шудани Бердимуҳаммадов хабар дода буданд.

Бердимуҳаммадови 63-сола аз вилояти Ахали кишвараш дар палатаи болоии порлумон намояндагӣ мекунад. Ба ин тартиб, Бердимуҳаммадов ҳамзамон ҳам раиси ҳокимияти қонунгузор ва ҳам раиси ҳокимияти иҷроияи Туркманистон шуд. Бердимуҳаммадов инчунин раиси ҳукумат, яъне сарвазири Туркманистон ба ҳисоб меравад.

Дар рӯйхати 111 даъвогари курсиҳои палатаи болоии порлумони он кишвар, ки рӯзи 1-уми март нашр шуд, номи Бердимуҳаммадов зикр наёфта буд. Аммо Комиcсияи марказии интихоботии он кишвар хабар дод, ки "барои узвият дар Халқ Маслиҳатӣ" 112 номзад сабти ном шуда буд. Зоҳиран, номи президенти Туркманистонро дар лаҳзаҳои охир шомил кардаанд.

Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи он кишварро, ки моҳи сентябри соли гузашта ворид карданд, коршиносон талоши интиқоли қудрат унвон мекунанд. Сардор Бердимуҳаммадов, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов айни ҳол ноиб-сарвазири ва раиси Палатаи олии назоратии Туркманистон, ҳамчунин узви Шӯрои амниятии он кишвар аст. Коршиносон аз ӯ ба унвони ҷойнишини падар ёд мекунанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG