Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши шохисҳои бозори бурси Осиё ва Ховари Миёна


Дар нахустин соатҳои тиҷорат шохисҳои бозори бурси Осиё имрӯз ба коҳиш рӯбарӯ шуданд. Никкей-225-и Ҷопон 0,9 ва Коспии Кореяи Ҷанубӣ 1,5 дарсад поин рафтанд. Шохиси аслии Австралия 2,2 ва Зелонди Нав 3,2 дарсад коҳиш ёфт. Коҳиш дар Ховари Миёна ҳам ба мушоҳида мерасад. Таҳлилгарон онро ба як зина кам шудани дараҷаи эътимод ба иқтисодиёти Амрико дониста, пешгӯӣ мекунанд, ки бозори бурс дар ин ҳафта ноором хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG