Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мухолифи қатъномаи ША СММ бар зидди Сурия нест


Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия
Имрӯз вазорати корҳои хориҷаи Русия ба таври расмӣ гуфт, Маскав ба қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ, ки Сурияро маҳкум мекунад, мухолифат нишон намедиҳад, то замоне ки ин қатънома аз ҳар гуна таҳрим ва “фишор” худдорӣ мекунад. Ин изҳороти Русия дар ҳоле садо дод, ки қарор аст имрӯз Шӯрои Амнияти СММ машваратҳоро роҷеъ ба наҳваи вокуниши СММ ба гузоришҳои тоза дар бораи хунрезиҳо дар Сурия идома медиҳад. Имрӯз ҳамчунин Италия сафири худро аз Сурия барои машварат фаро хонд ва аз кишварҳои дигари узви Иттиҳодияи Аврупо хост, ки онҳо низ сафирони худро аз Сурия фаро хонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG