Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабабҳои суқути ҳавопаймои Air France чоп шуд


Бозрасони Фаронса мегӯянд, хадамаи ҳавопаймои Air France, ки ду соли пеш бар фарози уқёнуси Атлантик ба фоҷеа дучор шуд, ба ҳушдорҳои такрор ба такрор гӯш надод ва мусофиронро низ аз ин хатар огаҳ накард. Ин ҳавопаймо аз Рио де Женейро ба Порис парвоз мекард ва 228 мусофир дошт. Суқути ин ҳавопаймо бо ин қадр мусофир фоҷеабортарин ҳодиса дар таърихи Air France ба шумор меравад. Ожонси расидагӣ ба ҳодисаҳои ин ширкат натиҷаҳои таҳқиқоти худро имрӯз ба нашр расонд ва дар ин гузориш маълумотҳои зарурӣ аз сабти қуттиии сиёҳ гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG