Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати пушти дарҳои бастаи низоъи Косово ва Сербия


Шӯрои амнияти СММ даъвати вазири умури хориҷии Сербия Вука Еремич барои баргузории нишасти бози махсус оид ба авзоъ дар марзи миёни Косово ва Сербияро рад кард. Ба ҷойи ин машварати пушти дарҳои баста баргузор шуд.

Намояндаи Олмон дар СММ Питер Виттинг дар сӯҳбат бо хабаргузории Associated Press гуфт, ки беҳтар аст агар ин вазъ дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи Аврупо баҳсу баррасӣ шавад.

Дар марзи Косово ва Сербия баҳси назорат аз болои гузаргоҳҳои марзӣ ба даргирӣ миёни кормандони полиси Косово ва сербҳои маҳаллӣ печид.

Машваратҳо доир ба мавзӯъ бо дархости Белград ва пушти дарҳои баста сурат гирифтанд.

Гузаргоҳҳои марзӣ дар шимоли Косово айни ҳол таҳти назорати нерӯҳои НАТО қарор доранд ва муассисаҳои бастаи низомӣ эълон шуданд.

Рӯзи душанбе кормандони полиси Косово ду гузаргоҳи марзиро ишғол карданд, ки боиси норозигии сербҳои маҳаллӣ гардид. Дар задухӯрд як корманди полиси Кососо ба ҳалокат расид, бинои як гузаргоҳ ба оташ кашида шуд.
XS
SM
MD
LG