Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳар ду вазир худро масъули коҳиши ташаннуҷ донистанд


Вазирони хориҷаи Ҳинду Покистон дар Деҳлӣ
Имрӯз вазирони корҳои хориҷаи Ҳиндустону Покистон дар Деҳлӣ роҷеъ ба барқарории эътимоди ҷонибҳо музокира анҷом доданд. Ин нахустин музокироти вазирони хориҷаи ду кишвар аз замони оғози музокироти ҳайатҳои сулҳи ҳар ду ҷониб мебошад. Кришна-вазири корҳои хориҷаи Ҳинд баъд аз музокирот гуфт, “муносиботи ду ҷониб дубора вориди маҷрои дуруст шудааст “. Ҳина Раббонӣ Кҳар-ҷавонтарин вазири Покистон дар бораи “марҳалаи ҷадид”-и ҳамкориҳо сӯҳбат кард. Ҳиндустон соли 2008 баъд аз куштори 188 нафар дар ҳамлаҳои террористӣ дар Мумбай ин музокиротро боздошт ва Покистонро барои ин ҳамлаҳо муттаҳам кард. Ҳар ду вазир изҳор доштанд, ки онҳо масъули коҳиши ташаннуҷ дар минтақаи муноқиша ҳастанд ва ин муносибот бояд ислоҳ шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG