Вакили дифои марде, ки дар анҷоми ҳамлаҳои Норвегия муттаҳам мешавад, мегӯяд, ки дар баробари ду гурӯҳи кӯмакрасон дар анҷоми ҳамлаҳои ахир, инчунин чанд шабакаи дигар дар хориҷи Норвегия дар ин ҳамлаҳо даст доранд. Вакили дифоъ гуфт, ки Андерс Бейринг Брейвики 32-сола, ки масъули куштори 76 нафар дониста мешавад, ҳамлаҳои анҷомдодаашро “муҳим ва зарур” хонда гуфтааст, ки “ӯ дар ҳолати ҷанг” қарор дорад. Вакил гуфт, ки худи Брейвик дар бораи шумори қурбониҳо ва вокуниши ҷомеа ба ин ҳамлаҳо хабар надорад. Баъди куштори ҳашт нафар дар як бомбгузории беруни сохтмони ҳукумат, ӯ дар қароргоҳи тобистонаи ҷазираи Утоя, ки дар он ҷавонони ҳизби кор ба сар мебурданд, 68 нафарро бо зарби тир ба ҳалокат расонд. Рӯзи душанбе беш аз 100 ҳазор нафар танҳо дар шаҳри Осло дар маросими шамъафрӯзӣ ба хотири ёдбуди қурбониҳои ҳамлаҳои ахир иштирок карданд.