Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, имрӯз дар як бамгузории интиҳорӣ дар посгоҳи амниятии Вазиристони Ҷанубӣ дар минтақаи қабиланишин як сарбоз кушта, чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҷовид Марват-як мақоми маҳаллӣ мегӯяд, ин ҳодиса дар наздикии бозори Модел дар минтақаи Чакмалай рух додааст. Ин минтақа ба марзи Афғонистон наздик аст.