Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Латвия пароканда мешавад


Тазоҳурот дар назди бинои порламони Латвия (аз бойгонӣ)
Тазоҳурот дар назди бинои порламони Латвия (аз бойгонӣ)
Мардуми Латвия дар ҷараёни райпурсии рӯзи шанбе ба ҷонибдорӣ аз пароканда сохтани порламон рай додаанд ва бад-ин тариқ хостаанд давраи соҳибкорону тоҷирони саршинос поён ёбад. Дар ҳоле, ки аз се ду ҳиссаи оро шумурда шудааст, Кумиссиюни марказии интихоботӣ мегӯяд, тақрибан 95 дарсади райдиҳандагон хостори пароканда сохтани порламон шудаанд. Интихоботи порламонӣ моҳи октябри соли 2010 баргузор шуда буд ва ҳоло ин порламон як сол фаъолият накардааст. Интихоботи зудрас моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд. Дар райпурсии рӯзи шанбе 45 дарсади афроди қобили рай ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG