Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти сарони минтақаи евро аз Юнон


Ван Ромпуй бо сарвазири Юнон Папандреу
Ван Ромпуй бо сарвазири Юнон Папандреу
Сарони минтақаи евро дар нишасти Брюссел ҷиҳати ироаи бастаи дуввуми кумакҳо ба Юнон тавофуқ карданд. Ин кумак тақрибан 159 миллиард еврост, ки 109 миллиардашро кишварҳои минтақаи евро ва Сандуқи байналмилалии пул ва зери 50 миллиарди боқимондаро бонкҳову сармоядорони хусусӣ хоҳанд дод. Президенти ИА Ҳерман Ван Ромпуй гуфт, раҳбарони минтақаи евро нишон доданд, ки барои ҳифзи евро чӣ корҳоеро анҷом хоҳанд дод: “Мо нишон додем, ки мо аз дифоъ аз иттиҳоди молӣ ва пули муштараки худ даст намекашем.”
Раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо тавофуқи ҳосилшударо аломати бори аввал аз як гиребон сар баровардани сиёсат ва бозор номид.
XS
SM
MD
LG