Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як ҳунарпешаи синамо дар Эрон


Марзия Вафомеҳр
Марзия Вафомеҳр
Ҳунарпешаи эронӣ Марзияи Вафомеҳр як моҳ боз дар боздошт қарор доштааст. Шавҳари ӯ коргардон ва наворбардори маъруф Носир Тақвоӣ ба Радиои Фардо гуфт, иттиҳоми алайҳи Вафомеҳр сиёсӣ нест, балки ба иҷрои нақши асосӣ дар филми “Теҳрони барои фурӯши ман” марбут мешавад, ки ду сол қабл таҳия шуда буд. “Теҳрони барои фурӯши ман” маҳсули муштараки Эрону Австралия ванахустин филми Граназ Мӯсавист, ки мушкилоти иҷтимоии ҷавонони эрониро баҳс мекунад.
Марзияи Вафомеҳр аз сӯи дафтари тозабунёди фарҳангу матбуоти додситонӣ дастгир шуда, ба гуфтаи шавҳараш, то анҷоми таҳқиқот дар зиндони Ғарчак қарор доштааст.
XS
SM
MD
LG