Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе истирдоди Абиевро дархост кардааст


Низомӣ Абиев
Низомӣ Абиев
Тоҷикистон расман аз Қирғизистон истирдоди шаҳрванди Русия Низомӣ Абиевро дархост кард. Абиев аз ҷумлаи 25 маҳбусест, ки моҳи августи соли гузашта аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. Низомӣ Абиев, ки бо ҷурми ширкат дар ошӯби ду сол пеши Тавилдара маҳкум ба зиндон шуда буд, ҳафтаи гузашта дар Бишкек ба даст афтод. То имрӯз аз 25 маҳбуси фирорӣ 15 нафараш дубора боздошт ва 7 тани дигараш кушта шудаанд. 3 маҳбус ҳанӯз дар ҳоли фирор боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG