Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабри дастаҷамъии муҳоҷирон дар Қрим пайдо шудааст


Тибқи хабари матбуоти Русия, идораи мусулмонони Қрим аз порламони Украина ё Верховная Рада тақозо кардааст, ки барои расидагӣ ба як гӯри дастаҷамъӣ, ки дар он ба эҳтимоли зиёд муҳоҷирони кории Узбакистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Озарбойҷон дафн шудаанд, кумиссиюни вижа ташкил шавад. Ин гӯри дастаҷамъӣ дар шаҳраки Исмоилбой дар наздикии Евпатория пайдо шудааст. Бино ба маълумоти идораи мусулмонони Қрим, дар ин гӯр аз соли 2006 то соли 2011 тақрибан 20 ҷасад дафн шудааст. Мусулмонони Қрим тақозо кардаанд, ки дар робита бо ин масъала ба фаъолияти полиси маҳаллӣ расидагӣ сурат бигирад ва афроди дастдошта ба муҷозот кашонда шаванд.
XS
SM
MD
LG