Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни масъулияти волидон қабул шуд


Имрӯз намояндагони порламони Тоҷикистон бо иттифоқи оро “Қонуни Тоҷикистон дар бораи масъулияти волидон”-ро бидуни баҳсу мунозира ба тасвиб расонданд. Ин дар ҳолест, ки як моҳи пеш Маҷлиси Намояндагони порламон “Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро пазируфта буданд ва баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ, ҳизбҳои сиёӣ ва бархе аз коршиносон қабули онро бидуни ворид овардани ислоҳоти зарурӣ муғойир бо мавозини байналмилалӣ, Қонуни Асосии Тоҷикистон ва мухолиф бо арзишҳои мазҳабӣ дар ҷомеа арзёбӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG