Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси роҳу шароити истеъфои Муаммар Қаззофӣ


Ален Жюпе
Ален Жюпе
Фаронса мегӯяд, Муаммар Қаззофӣ дар сурати истеъфо метавонад дар Либия бимонад. Вазири хориҷаи Фаронса Ален Жюпе гуфт, чунин имкон бояд канорагирии “хеле рӯшан”-и Қаззофӣ аз дахолат дар сиёсатро дар бар бигирад. Шарти ин муомила метавонад фирори Қаззофӣ аз таъқиби Додгоҳи Ҳейг низ бошад. Чирикиҳое, ки алайҳи режими 42-солаи Қаззофӣ меҷанганд, қаблан гуфта буданд, ки дар сурати аз қудрат канор рафтани ӯву хонаводааш метавонанд сари дар ягон минтақа дуруст кардани шароити бознишастагии Қаззофӣ бияндешанд. Аммо Абдулато Убайдӣ, вазири хориҷаи режими Қаззофӣ дирӯз баъди мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Маскав гуфт, давлати Либия пиромуни имкони барканории ӯ аз мақом вориди ягон музокира нашудааст.
XS
SM
MD
LG